Дар Шуғнон майдони варзишӣ ва маркази захиравӣ ба истифода дода шуд

28 – уми сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон майдони варзишӣ ва маркази захиравиро ифтитоҳ карданд. Дар ин маросим Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода иштирок намуд.

Иншооти варзишӣ дар доираи ҳамкории судманди дуҷониба миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва шарикони рушд сохта шуд. Ин иншоот барои баргузории чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ пешбинӣ шудааст, ҳамчунин дар ҳоли ба вуҷуд омадани ягон ҳолати фавқулода метавонад барои аҳолӣ ба сифати паногоҳи муваққатӣ хидмат кунад.

Маркази захиравӣ ва майдончаи варзишӣ аз анборхона иборат буда, дар он барои аз 50 то 100 нафар муосиртарин таҷҳизоти наҷотдиҳӣ, амволи рӯзгор барои аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида, дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда ҷой дода мешавад.   

Гуфта шуд, ки майдони варзишии муосир бо мақсади шароитҳои беҳтар барои ҷавонон ва одамони имконияташон маҳдуд дар доираи таъмини баробарҳуқуқӣ ва шароитҳои дастрас сохта ба истифода дода шуд. 

Дар ҷараёни шиносоӣ бо иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон ҳамсуҳбат шуданд ва сокинони ноҳияи Шуғнонро барои ифтитоҳи ин бинои варзишӣ ба ифтихори 30-солаги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод карданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист дастур доданд, ки корҳоро барои дастгирии ҳолати техникии ин ду иншоот ва муассиса таҳким бахшанд ва онҳоро ба ҳар шароит, аз ҷумла ба офатҳои табиӣ ва техногении эҳтимолӣ омода намоянд.

барчасп: