Имрӯз, соати 12:02 дақиқа навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино – 2 ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дари хонаи як сокини ноҳияи Сино-2, кучаи Зарафшон М-11 бинои 5 ҳуҷраи 37 махкам шудааст. Соҳиби хона ба садоҳо посух намедиҳад.
Баъди гирифтани хабар навбатдори Раёсат, соати 12:05 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсатро ба ҷои ҳодиса сафарбар намуд.
Соати 12:57 дари хуҷраро кушоданд, дар дохили хона соҳиби он -пиразани ба тахмин 60-сола ҷон дода буд.
Кормандони Раёсат ҷасади пиразанро барои ташхису таҳқиқи иллатҳои марги ӯ ба мақомоти дахлдор супурданд.
Ҷузъиёти бештар дар бораи соҳиби хона дастрас нашуд.
С. Шамсизода, Сардори Раёсат,полковник.