Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хокбод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки то 29-уми сентябри соли 2021 дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ хокбод дар назар аст.

Ҳамчунин КҲФ ёдовар мешавад, ки дар қисмати ғарбии ВМКБ, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ ва вилояти Суғд бар асари об шудани пиряхҳо омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.    

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро  риоя намоянд, бахусус фосилаи байни мошинҳо ҷиддан бояд риоя шаванд, зеро эҳтимоли сангрезиш ва ё омадани селҳо зиёд аст.

Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои доимӣ КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ба гирифторони касалиҳои рагу дил, қанд ва гипертония бештар диққат диҳанд.

Дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода бо шумори телефонҳои 112 ва ё ба Қисми навбатдории КҲФ:  223 13 11, 93 880 28 19 занг занед.

барчасп: