Заминларзаи субҳи имрӯз. Талафоти ҷониву хисорот нест

Субҳи имрӯз, 27 – уми сентябри соли 2021, соати 10:40 дақиқа дар қаламрави Тоҷикистон замин ларзид. Маркази ин заминҷунбӣ 380 километр ҷанубу шаҳрқии шаҳри Душанбе ва 45 километр шарқи кӯли Сарез буд.

Қувваи ин заминларза дар маркази он 5 балл, дар кӯли Сарез ва ноҳияи Мурғоб 3 балл, дар Хоруғ 2 балл буд.

Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст. 

барчасп: