Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 659 аз 21 декабри соли 2020 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақша чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои 2021» ва бо мақсади таъмини омодагии доимӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ва мусоидат намудан барои устувории фаъолияти зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудуди Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ва ташкилотҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, рўзи 24 сентябри соли 2021 дар бинои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, машқи ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзўъи: «Амали ҳайати роҳбарикунандаи зернизоми вазифавӣ ва ҳудуди Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ҳангоми ба амал омадани садамаи кимиёвӣ (аммиак) дар ҶСК Комбинати хуроквории Тоҷикистон», ташкил ва гузаронида шуд.
Дар машқи ситодии мазкур 15 - муовинони зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе даъват шуда буд.
Инчунин дар машқи мазкур аз рўи мақсадҳои таълимӣ нақшаи гузаронидани машқи ситодии мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ба мақсад расида, баҳои қаноатбахш дода шуд.
Дар машқ ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе тибқи фармоиши Сардори Раёсат иштирок намуда, ҳамчун миёнарав байни роҳбарияти машқ ва иншоотҳои иқтисодию зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе, амал намудаанд.
С. Шамсизода, Сардори Раёсат, полковник.