Ҷасади як моҳигири 33-соларо, ки дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шуда буд, пайдо карданд

Ҷасади як марди 33-сола, ки ахиран ҳангоми моҳидорӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуда буд, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд.

Ин ҳодиса 25-уми сентябри соли 2021 рух дода буд. Бегоҳӣ, соати 18:00 ба Қистми навбатдории КҲФ хабар доданд, ки як моҳигир дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шудааст. мавсуф сокини шаҳри Душанбе будааст.

Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ба ҷойи ҳодиса ғаввосони имдодрасони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯву наҷот ҳозир шуданд.   

То торикӣ ҷустан, вале ин ҷустуҷӯҳо натиҷа надоданд. Субҳи рӯзи 26-уми сентябр ҷустуҷӯҳо аз сар гирифта шуданд ва билохира ҷасади моҳигири ғарқшударо пайдо карданд ва ба пайвандонаш супурданд. 

Маврид ба ёдоварист, ки зарфи 8 моли соли 2021 дар обҳои кишвар 129 нафар ғарқ шуданд ва 39 нафари онҳо наҷот дода шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинони кишвра хоҳиш мекунад эҳтиёткор бошанд ва ҳама қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд!

барчасп: