Ин як оташсӯзии бузург ва мудҳиш дар таърихи шаҳри амрикоии Бостон дониста мешавад. Он рӯзи шанбе, бегоҳӣ, соати 19:20 дақиқа аз таҳхонаи як анбори тиҷоратӣ дар Саммер-стрит оғоз шудааст. Ин сӯхторро тавонистанд баъди 12 соати шурӯъ хомӯш кунанд. Он 65 акр (26 гектар) заминро дар маркази шаҳри Бостон ба коми худ кашид, 776 биноро сӯхт ва 73,5 миллион доллар (баробар ба 1,436 миллиард доллар дар соли 2019) зарар овард. Бино ба як омор 20 нафар дар ин сӯхтор ҷон бохтанд, ҳазорон нафар бекор монданд.
Сӯхтор дар Сан-Франсиско, соли 1906.
Моҳи апрели соли 1906 шаҳри амрикоии Сан-Франсиско оташ гирифт. Дар бораи он маълумоти чопшуда хеле кам аст. Бахусус дар мавриди мизони зарар рақамҳои гуногун оварда мешавад. Ҳамчунин дар бораи талафоти ҷонӣ низ.
ЯК ПАЖӮҲИШ МЕГӮЯД ДАР 40 СОЛИ ОХИР АЗ ОФАТҲОИ ТАБИӢ 3,3 МИЛЛИОН НАФАР ҶОН БОХТААНД
Оташсӯзӣ дар Токио, соли 1923.
1 сентябри соли 1923 дар шаҳри Токиои Ҷопон заминларзаи шадид рух дод. Ин офати табиӣ як оташсӯзии азимро ҳам ба дунбол дошт. Сӯхтор бар асари заминларза дар таърихи Ҷопон аз мудҳиштарин офат ба шумор меравад. 38 ҳазор нафар дар гирдоби оташи ин сӯхтор монданд. Дар умум дар заминларза ва сӯхтори он сол 142 ҳазор сокинони Ҷопон қурбон шуданд.
Сӯхтори азим дар шаҳри бандарии Чилӣ, соли 2019
Бар асари оташсӯзии густардаи ҷангалҳои шаҳри бандарии Валпараисо, ки севвумин шаҳри бузурги Чилӣ мебошад, ҳудудан 120 хона зери хатар қарор гириф. Ин оташсӯзӣ боис шуд, ки аксари мардум шаҳрро тарк кунанд. Гуфта мешавад, ки сӯхтор ба маҳалли сукунати фақирони шаҳр кашида шудааст ва тамоми нерӯҳои оташнишонии шаҳр ба ин минтақа эъзом шудаанд.
Вазиши шамоли сахт ва дамои боло боиси бадтар шудани авзоъ шуд. Бино ба маълумоти расмӣ бештар аз 100 хона ба коми оташ рафт. Сокинони ба сухтор наздик ба маконҳои амн интиқол ёфтанд. Дар хомӯш кардани он 26 дастаи сӯхторнишонӣ, 14 чархбол ва 7 ҳавопаймо ширкат кард. Ҳудудан 55 000 хонаҳои сокинон бе неруи барқ монданд.
Сӯхтори Калисои ҷомеъи Порис, ки асри 12 сохта шуда буд
Рӯзҳои 15 ва 16-уми апрели соли 2019 мудҳиштари сӯхтор яке аз буругзтарин бино – Калисои ҷомеаи Порисро, ки асри 12 сохта шуда буд, ба коми худ кашид. Сокинони Фаронса – Нотр-Дам де Пари, ки алоқаи зиёде ба ин Калисо доштанд, наворҳои зери шӯълаи оташ мондану рехтани сутуну деворҳои онро бо ашки чашмон тамошо мекарданд. Нависандаи бузурги фаронсавӣ Виктор Гюго дар яке аз асарҳои худ васфи ин биноро карда буд.
Нотр-Дам де Пари шоҳиди инқилобҳову шӯришҳои зиёде дар таърихи Фаронса будааст, ҷанги Садсола ва ду Ҷанги ҷаҳониро низ пушти сар кардааст. Аммо дар ин як замони осоишта ин калисои азим ҷабри сахти таърихи бунёди худро таҳаммул кард.
Сабаби ин сӯхтор то ба имрӯз дақиқ нашудааст. Аммо ҳадс зада мешавад, ки ин оташсӯзӣ ба бозсосзии калисо иртибот дошт. Аз куштаву маҷрӯҳи ин ҳодиса ҳеч гузориш нарасид. Дар ин ҳодиса бурҷ ва сақфи калисо фурӯ рехт ва осеби ҷиддӣ ба қисматҳои дохилии калисо ворид шудааст.
Бузургтарин инфиҷор ва сӯхтор дар Ҳироти Афғонистон. 500 мошин хокистар шуд, беш аз 70 нафар зарар диданд
Ин ҳодиса дирӯз дар Ислом-Қалъаи вилояти Ҳироти Афғонистон рух дод ва дастаи сӯхторнишонҳои минтақа аз уҳдаи хомӯш кардани забонаи оташ набаромад. Баъдтар ҳукуматдорони Эрон ба нуқтаи гумрукӣ мошинҳои сӯхторнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ фиристоданд. Танҳо рӯзи дуюм муяссар шуд, ки оташ хомӯш карда шавад.
Наворҳое, ки аз ҷойи ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуданд, баёнгари он буданд, ки алангаи сӯхтор шабоҳат ба як инфиҷори шадид дорад ва майдони густардаеро ба бар гирифтааст. Расонаҳои эронӣ аз таркиши як анбори нигаҳдории маводи сӯхт, ки газ захира доштааст, хабар дода буданд. Таҳлилгарон навиштанд, ки ин сӯхтори азим ба соҳибони мошинҳои боркаш зарари ҷуброннопазир расонд. Хати интиқоли неруи барқ ҳам хароб шуд, бахше аз хонаҳо дар вилояти Ҳироти Афғонистон бе рушноӣ монданд.
Бисмиллоҳ Султон, як тан аз ронандаҳои ин мошинҳо гуфтааст, ки “чор мошини ман пурра сӯхт. Мо бензин мекашидем. 12 нафар будем ва ин тиҷорати мо 150 нафарро мехӯронд”.
Муҳаммад Довуд ном соҳиби як мошини дигар гуфтааст, ки ин фоҷеа аст ва миллионҳо доллар зарар дорад. Аз ҳама бештар ва асосан соҳибкорону одамони одӣ зарар диданд.
Ҳарчанд мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ин рӯйдодро ҷиддан тафтиш ва сабабҳои онро муайян мекунанд, вале бо гузашти моҳҳо натиҷаи кори ҳеч комиссияе дар ин маврид расонаӣ нашуд.
Маврид ба ёдоварист, ки соли 2018 ИМА зидди Эрон таҳримҳои шадиди иқтисодӣ ҷорӣ кард. Вале тибқи як муоҳада Кобул ризояти ворид кардани нефти Эронро ба даст оварда буд.
Нуқтаи марзии Ислом-Қалъа нуқтаи аслӣ ва хеле муҳими интиқоли колои тиҷорати миёни Эрон ва Афғонистон мебошад.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН: