Садамаи мошин дар Ҳисор, даркушоӣ дар Душанбе

Шабонарӯзи гузашта хушбахтона дар қаламрави кишвар ҳеч ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта нашуд. Вале наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ду маротиба барои расонидани ёрӣ ба шаҳрвандон аз қароргоҳҳои худ берун шуданд.

Чунончӣ, рӯзи 21-уми сентябр соати 12:23 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки як дари оҳанӣ дар бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсум маҳкам шудааст. Ҳамчунин хабар доданд, ки духтарчаи шашсолаи соҳиби хона дар дохил танҳо мондааст. 

Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри  Душанбе фавран ба маҳалли ҳодиса расиданд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус дари хонаро боз карданд ва духтарчаро солим ба модараш расонад.

Ин кӯдак ба ёрии тиббиву равонӣ ниёз надошт.

Ҳодисаи дуюм дар қаламрави шаҳри Ҳисор рух дод.  

Соати 03:05 дақиқаи имрӯз, 22-уми сентябр   дар шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода, дар қаламрави ҷамоати деҳоти Мортеппаи шаҳри Ҳисор мошини тамғаи «Mercedes-Вenz»  ба симчӯби сари роҳ бархӯрд.

Бино ба гузориши наҷотдиҳандагони Раёсати махсусгардонидашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷот сабаби ин садамаи мудҳиш бо суръати баланд рондани мошин буд. Ронанда аз уҳдаи идораи он набаромад ва ба симчӯби канори роҳ бархӯрд.

Вақте имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расиданд, вазъро ба зудӣ таҳлил карданд ва ба қароре омаданд, ки аввал бояд аккумляторҳоро хомӯш кунанд, то сабаби сӯхтор дар муҳаррик нашавад. Зеро мошин ҷиддан зарар дида буд. Дар дохили он ронанда ва ду мусофир менишастанд.  

Бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ имдодгарон мусофирон ва ронандаро аз дохил берун оварданд ва онҳоро ба мошини “Ёрии таъҷилӣ”, ки фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда буд, супурданд.

Вазъи  саломатии ин се тан вазнин гузориш шудааст. 

Ронандагони муҳтарам!

Вақти сафар ҳатман ботаваҷҷуҳ бошед ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоед. Суръати ҳаракатро боло набаред, фосилаи байни мошинҳоро риоя намоед.

Рақами телефонҳои хадамоти наҷотро ёдрас мекунем: «112», 93 880 28 19.

барчасп: