Бар асоси Барномаи таълимии омӯзиши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Нақшаи Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021 аз 13 то 17 сентябри соли ҷорӣ дар Маркази ёдшуда дарсҳои омӯзишӣ барои сармутахассисон ва мутахассисони шуъбаҳо ва раёсатҳои Кумита, ки дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКД ҷойгиранд, баргузор мешавад.
Ҳадафи ин омӯзишҳо омодасозӣ ва бозомӯзии кормандон ва такмили ихтисоси онҳоест, ки ба маҳалҳо фаъолият мекунанд.
Дар ҷараёни омӯзишҳо кормандони Кумита бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиаи гражданӣ”, “Дар бораи бехатарии радиатсионӣ”, “Дар бораи бехатарии саноатии иншоотҳои истеҳсолии хатарнок”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сохтори Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ”, «Дар бораи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳоои фавқулодда”, “Ташкили расонидани аввалин ёрӣ ба зарардидагон дар ҳолатҳои фавқулодда”, “Маълумоти умумӣ дар бораи кӯли Сарез”, “Воситаҳои ҳимояи шахсӣ”, “Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2030” ва дар бораи “Барномаи рушди КҲФ дар солҳои 2018-2022” шинос хоҳанд шуд.
Дарсҳо дар шакли лексия ва амалӣ баргузор мешаванд.