Боз як хона барои зарардидагони офати табиӣ дар Кӯлоб ба истифода дода шуд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода ва Сарвари Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ дар маросими ба истифода додани хонаи нави истиқоматӣ барои зарардидагон аз офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ширкат карданд.

Ин хона дар доираи ҷашнвораи 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ миёни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист бо ҳама шароиташ барои истиқомат сохта ба истифода дода шуд.

Раиси Кумита ба шарикони байналмилалӣ барои ёрии расонидаашон изҳори сипос намуд ва ба ҳамкориҳои боз ҳам созандаи оянда дар коҳиши хатари офатҳо ва рафъи паёмадҳои офатҳо таъкид намуд.

Дар навбати худ соҳибони хонаи нав ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист барои кумакашон ва расидагӣ ба мушкилашон сипосгузорӣ карданд. 

барчасп: