6 – уми сентябри соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода маросими имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни КҲФ ва Каритас Интернационалис дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди татбиқи лоиҳаи Каритас – расонидани ёрӣ ба зарардидагон аз бодлеси замин (эрозия), ки дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷомӣ рух дода буд, баргузор шуд.
Муоҳадаро Раиси КҲФ генерал-полковник Рустам Назарзода ва директори Каритас Интернационалис дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ёрмуҳаммад Холов имзо карданд.
Бар асоси созишномаи имзошуда ба 30 хонаводаи зарардидаи ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон аз бодлеси замин (эрозия) барои беҳтар кардани шароити зист, таъмин бо оби нӯшокӣ, ҳолати беҳдоштӣ, ҳамчунин боло бурдани донишҳо ва малакаҳои сокинон дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ кумак дарёфт мекунанд.
Қарор аст то моҳи феврали соли 2022 ин Созишнома амалан татбиқ шавад.
Мутобиқ ба муоҳада ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти коҳиши хатари офатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикитсон идома медиҳанд.