Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ

6 – уми сентябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа роҳбарони КҲФ, сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Аҳлиддин Маҷидзода, ҷонишини Раиси ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсии Кумита иштирок намуданд.

Ҷаласаи тантанавиро Раиси КҲФ генерал-полковник Рустам Назарзода ифтитоҳ кард ва дар бораи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ маърӯза намуд. Генерал-полковник Р.Назарзода зимни табрики ҳайати шахсӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита ба онҳо дар зиндагӣ ва фаъолиятҳои кориашон комёбиҳо хост ва изҳори боварӣ кард, ки кормандони идораи наҷоти кишвар ҳама талошҳоро барои иҷрои вазифаҳое, ки аз дастуру талаботҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бармеоянд, анҷом медиҳанд ва дар кори ҳамарӯзии худ натиҷаҳои баландро соҳиб мешаванд.

Баъдан аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода суханронӣ намуд. Вай зимни суханронӣ натиҷаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди кишварро дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ таҳлил намуд. Қайд кард, ки “таъмини ҳаёти бошарофат барои халқ дар ҳама давраҳои Истиқлол ҳадафи олии Ҳукумати Тоҷикистон буду ҳаст”.

Дар ҷаласа ҳамчунин кормандони ҷавони КҲФ суханронӣ карданд. 

Дар ҷараёни маҷлиси тантанавӣ бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  як қатор кормандони КҲФ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ин мукофотҳоро сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Аҳлиддин Маҷидзода супурд.

Сипас бо фармони Раиси Кумита зумрае аз кормандоне, ки дар фаъолиятҳои худ нишондиҳандаҳои хуб доштанд, бо рутбаҳои навбатӣ, медалҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

барчасп: