Наҷоти ронандаи ва мусофири “Volvo” дар шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ”

Кормандони наҷоти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷони ду нафарро дар як садамаи хатарнок наҷот доданд

Бар асари боришоти шадид ва нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, риоя накардани суръати ҳаракати мошин субҳи бармаҳали имрӯз, 28-уми апрел дар километри 47-уми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ мошини тамғаи “Volvo” ба доманаи куҳ бархӯрд.
Сабаби асосии ин садама риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ буд ва чун суръати мошин баланд аз меъёри таъиншуда буд, ронандаи 30-солаи он натавонист аз уҳдаи идораи мошин барояд.
Дар ин бора ба нуқтаи навбатдори фарӣ аз  хадамоти роҳи ширкати IRS  иттилоъ доданд.
Ба муҷарради дарёфти хабари садама  кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса шитофтанд.
Бар асари ин бархӯрд мошин осеби сахт дида буд. Наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти гидравикӣ мусофир ва ронандаи мошини боркашро наҷот доданд ва ҳардуро ба бригадаи “Ёрии таъҷилӣ” супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ронандагон муроҷиат мекунад:

ХЕЛЕ БОТАВАҶҶУҲ БОШЕД, СУРЪАТИ ҲАРАКАТРО БЕРУН АЗ НИЗОМИ МУАЙНШУДА БОЛО НАБАРЕД, ҚОИДАҲОИ ҲАРКАТИ РОҲРО НАҚЗ НАКУНЕД ВА ҶОНИ ХУДУ ҲАМРОҲОНИ ХУД, ҲАМЧУНИН РОҲГУЗАРОНРО ДАР ХАТАР НАЯНДОЗЕД!

Бахусус дар рӯзҳои боронӣ шуморо лозим меояд ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоед.