Роҳандозии дарсҳои омӯзишии тарбиявӣ барои афсарони масъул ба корҳои тарбиявӣ ҳар моҳ ҳатмӣ шуд.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси нақшаи омодагӣ ва бозомӯзии ҳайати шахсӣ ҷамъомати навбатии якрӯзаи фармондеҳони қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оид ба корҳои тарбиявӣ баргузор шуд.
Ҷонишини сардори Раёсати корҳои тарбиявии Кумита, подполковник З.Забиров бо ифтитоҳи ҷаласа қайд кард, ки афсарони тарбиятгарро зарур аст на танҳо бо дониши назариявӣ, балки малакаҳои таҷрибавии худро бо ташкили корҳои тарбиявӣ барои таҳкими фазои ахлоқиву равонӣ дар коллективҳои ҳарбӣ такмил диҳанд.
Дар ҷараёни ҷамъомади якрӯза дарсҳои мавзуъӣ гузаронида шуданд. Ҳамчунин онҳо бо ташкили корҳои фардӣ-тарбиявӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ ошно крада шуданд.
Қарор аст ин гуна дарсҳо ҳар моҳ гузаронида шаванд.