Муҳтарам генерал! Намехоҳам ҳодисаи Шарора такрор ва кишварам боз доғдору мотамсаро шавад

Рафиқ генерал!

Ман бовар дорам, ки шахси масъуле чун Шумо ҳатман аз навиштаҳои матбуот бохабаред. Бахусус аз навиштаҳои матбуоти давлатӣ, ки ҳамаи идораҳо ба он обуна мебошанд. Ва умед аст аз навиштаи газетаи “Садои мардум” низ. Ба назарам аввали ҳамин моҳ буд, ки бо номи “Интизор шавем, ки кай фалокат рӯй медиҳад”, шикояти як гурӯҳ сокинони деҳаи Навбаҳори деҳоти «Дӯстӣ»- и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро чоп кард онҳо менавиштанд, киқариб 1 моҳ боз ба сӯи манзили  истиқоматиашон ҳаҷми зиёди лоиқа ҳаракат карда истодааст. Ҳарчанд раиси ҷамоати деҳоту раиси ноҳия ба ҷойи ҳодиса омада бошанд ҳам, то ҳол бинобар набудани техникаи муқтадир барои пешгирии он чораҷӯйӣ накардаанд.

Аз рӯйи гуфтаи онҳо соли 1997 аллакай бар асари як ҳодисаи мудҳиш 10 хона зери лойқа монда будааст ва чор фарзанди як сокини хамин деҳа зери лойқа монда мурдаанд.

Чун як шаҳрванд аз Шумо, рафиқ генерал пурсиданӣ ҳастам, ки оё ниҳоди зертобеъи шумо аз ин бохабар аст? Агар ҳа, пас ягон тадбире андешида мешавад, ки ҳодисаи Шарора такрор нашавад? Шумо албатта, фоҷеаи Шарораро ёд доред. Шахсан ман намехоҳам кишварам боз доғдору мотамсаро шавад. Илоҷи воқеъаро пеш аз вуқуъ бояд ҷуст.

Бо эҳтиром,
Нурмуҳаммад  Раҳимов,

сокини ноҳияи Ҷайҳун

Муҳтарам Нурмуҳаммад Раҳимов!

Дархости Шумо оид ба шикояти як гурўҳ сокинони деҳаи Навбаҳори деҳоти «Дўстӣ»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷиҳати таҳдиди ярч ба манзилҳои истиқоматиашон дар Кумита мавриди омўзиш қарор дода шуд.
Дар робита иттилоъ медиҳем, ки дар натиҷаи боришоти барфу боронҳои зиёди солҳои охир ва аз меъёр зиёд обмонии заминҳои кишт ва надоштани қубурҳои обпарто боиси фурўравии зиёда аз 9,0 га заминҳои кишоварзӣ гардидааст, ки фурўнишинии он ба 36 хоҷагӣ деҳаи мазкур таҳдид менамояд. Ҳамчунин дар наздикии деҳаи мазкур сойи калон мегузарад.
Аз ҷойи ҳодиса якчанд маротиба бо иштироки раиси ноҳия, муовини раиси ноҳия, раиси ҷамоати деҳоти «Дўстӣ» дидан намуда, бо аҳолӣ сўҳбатҳо ва корҳои фармондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар деҳаи мазкур аз тарафи аҳолӣ бо роҳбарии раиси маҳалла бо иштироки бевоситаи кормандони шўъбаи корҳои дохилии ноҳия навбатдории шабонарўзӣ ташкил карда шудааст.

Аз тарафи Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба унвонии Раиси ноҳия ва идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи давлатии идоракунии канали Баҳористон ва хадамоти муҳоҷират дар ноҳия мактубҳои расмӣ ирсол карда шудааст.

Айни ҳол бо супориши Раиси ноҳия дар ҷамоати мазкур аз тарафи мутахассисони Кумитаи идораи замини ноҳия корҳои аксбардории замин оѓоз гардидааст.

Баъди ба охир расидани корҳои аксбардорӣ, аҳолии деҳаи мазкур тибқи тартиби муқараргардида ба ҷойҳои бехавф кўчонида мешаванд.

Бо эҳтиром,
Раис   Р. Назарзода

барчасп: