Сивупанҷ нафар ширкаткунандагони як дарси омӯзишӣ аз ҷумлаи кормнадони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда субҳи имрӯз соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд. Дар ин маросим Сарвари Кумита Рустам Назарзода ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ширкаткарданд.
Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми расмии давраи омӯзишии “Омодасозӣ барои пешгирӣ аз тарма” барои кормандони КҲФ баргузор гардид.
Дар ин маросим Сарвари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва ҳайати фаронсавӣ таҳти сарварии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ширкат карданд.
Зимни суханронии худ сарвари идораи наҷоти кишвар ба созмондиҳандагони дарсҳои омӯзишӣ барои ташкили хуби дарсҳо, сатҳи баланди касбии мураббиён, ки таҷрибаи худро ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда омӯзониданд, ҳамчунин ба Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон барои мусоидаташ ҷиҳати роҳандозии ин омӯзишҳо изҳори миннатдорӣ намуд.
Рустам Назарзода ҳамчунин изҳори умед кард, ки малакаҳои ҳосилшуда дар ҷараёни ин омӯзишҳо самаранокии корҳои наҷотро дар оянда боло хоҳад бурд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Гуедар изҳор дошт, ки пойдевори ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда гузошта шуд ва Ҳукумати Фаронса минбаъд низ ҳар талоши мумкинро хоҳад кар, то ин ҳамкориҳо рушди бештар ёбанд.
Ба ширкаткунандагони дарсҳои омӯзишӣ шаҳодатномаҳо супурда шуданд.