Сели харобиовар дар ноҳияи Дарвоз сабабгори ҳалокати духтари 19-солаву писараки 2-сола шуд. Дар ноҳияи Ашт бошад баъзе пулҳо қисман хароб шуданд ва шамол бомҳои сокинонро вайрон кард.
Бар асари боронҳои шадид дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ сели харобиовар омад ва он ба хоҷагии халқ зарар расонд. Ҳамчунин ин селомаданҳо беқурбонӣ набуд.
Чунончӣ, 13-уми апрел вақте боронҳои шадид муҷиби болоравии сатҳи оби дарё шуд ва хок дар рустои Камчаки ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ лағжид, рӯйдоди такондиҳандаи марги модару кӯдак рух дод. Бино ба нақли шоҳидон ҷараёни гилу лой болои хонаи сокини ин русто сарозер шуд. Дар натиҷа Мадина Иброҳимзодаи 19-сола ва бо тифлаки дусола - Давлатҷон Исмоилзода зери ғарами лой мондаву ба ҳалокат расиданд. Ин ду ҷасад пайдо ва ҳоло ба хок супурда шуданд.
Ба ҷойи ҳодиса гуруҳи фаврии Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Дарвози ВМКБ фаъолият доранд.
Худи ҳамон рӯз бориши борон сабабгори боравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои ноҳияи Ашти вилояти Суғд шуд. Дар натиҷа чандин пулҳои минтақа қасман хароб шуданд. Ҳамчунин аз шамоли сахт боми баъзе хонаҳо вайрон шуд.
Барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ корҳо идома доранд ва ҳаҷми зарари расида муайян крада мешавад. Дар ҷойи ҳодиса кормандони КҲФ ва Ҳукумати ноҳия бо техникаи бартарафсозии оқибатҳои офот фаолият доранд. Ситоди ҳолатҳо фавқулоддаи ноҳия шабонарӯз фаъол ва бо мардум дар иртибот аст.
Ёдовар мешавем, ки 15-уми апрели соли ҷорӣ низ ҳавои тағйирёбанда дар қаламрави ҷумҳурӣ боқӣ мемонад. Эҳтимоли омадани сел ва лағзиши замину ҳодисаҳои ярч ва лағзиши тарма дар роҳҳои куҳӣ вуҷуд дорад. Оби рӯдхонаҳо боло меравад ва ин метавонад муҷиби харобиҳо дар баъзе манотиқ гардад.
Дар ҳаимн иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо хеле ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.