Намояндагони дуюмин ширкати бузурги ҳавопаймосозии олам “Аэробус” бо муаррифии маҳсулоти ширкати худ хостори ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шуданд.
13-уми апрели соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати ширкати ҳавопаймосозии “Аэробус” бо сарвари Ноиби президенти ширкат ҷаноби Филипп Шемуа мулоқот кард.
Дар ин вохӯрӣ намояндагони ширкати ҳавопаймосозӣ маҳсулоти коргоҳи худро муаррифӣ карданд. Аз ҷумла, дастгоҳҳои паррон, ки ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда аз онҳо истифода мешаванд, намоиш дода шуданд.
Дар ин дидор ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар хотима ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои оянда миёни Кумита ва ширкати ҳавопаймосозии “Аэробус” дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори умед намуданд.