Таваҷҷуҳ: Озмуни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои атфол!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Созмони байналмилалии «Добрососедство», телевизиони ”Баҳористон” барои беҳтарин тасвири бачагона таҳти унвони “Олам бидуни ҳолатҳои фавқулодда ва рӯйдодҳо” озмун эълон мекунад. 

Дар озмун расмҳо дар мавзуъҳои зерин пешкаш мешаванд:

- навъҳои ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирии онҳо
-
техникаи наҷот ва дурнамои рушди он
-
вайронкунии қоидаҳои бехатарии ҳаёт
-
наҷоти одамон аз ҷониби хадамоти наҷот.

Дар озмун бачаҳои аз 5 то 17-сола иштирок карда метавонанд. Расмҳо то 20-уми майи соли 2017 қабул карда мешаванд.

Расмҳо метавонанд бо ёрии ҳар воситаи тасвирӣ офарида шуда бошанд: хоҳ бо рангҳо, хоҳ бо қаламҳои гуногун, фломастерҳо ва ғайра. Муҳимтар аз ҳама эҷодиёт аст! Ғолибони озмунро туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳо интизоранд. Расмҳо аз тариқи телевизиони “Баҳористон” намоиш дода хоҳанд шуд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 26, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Телефонҳо барои иртибот: 221-91-19, 223-13-11 ва ё  шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ 213, Маркази таълимиву методии КҲФ. Телефонҳо: 938802829; 938802830;

Ва ё телевизиони “Баҳористон”, кӯчаи Чапаев 31, телефонҳо: 2219524; 908853848.