Бистуду хоҷагии зери хатари офати табиӣ дар як рустои ноҳияи Рашт ба ҷойи амн интиқол ёфтанд

Боронҳои шадид дар деҳаи Шули ҷамоати Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт як бинои навсохти сокини ин рустро хароб кард.  Дар айни замон дар деҳаи мазкур хатари селу ярч вуҷуд дорад ва 22 хоҷагии ин рустои куҳистонӣ зери таҳдиди офоти табиӣ қарор доранд.
3 – уми апрели соли 2017 дар натиҷаи боронҳои шадид сатҳи об дар канали Оқтоки ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ боло рафт ва ин муҷиби он гашт, ки об аз лаби канал берун резад. Дар натиҷа қисман хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ дар минтақа зарар диданд.
Худи ҳамин рӯз бар асари ярч дар яке аз кӯчаҳои шаҳраки Оби Гарм ҷараёни ҳаракати рӯдхонаи Кундаланг баста шуд. Дар натиҷа саройи баъзе сокинони ин кӯча хароб гардид.
Боронҳои шадид дар деҳаи Шули ҷамоати Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт як бинои навсохти сокини ин рустро хароб кард.
Дар айни замон дар деҳаи мазкур хатари селу ярч вуҷуд дорад ва 22 хоҷагии ин рустои куҳистонӣ зери таҳдиди офоти табиӣ қарор гирифтааст.
Бо мақсади пешгирӣ аз қурбонӣ ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бо сокинони рустои номбурда мулоқот карданд ва дар натиҷа хоҷагиҳои таҳдид ба хатар ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.
Офатҳои табиии рӯзҳои гузашта қурбонӣ надоштанд.