Роҳбарон ва намояндагони чор ҷумҳурии осиёи Марказӣ, ки дар як Конфронси минтақавӣ дар шаҳри Душанбе гирди ҳам омада буданд, эълон доштанд, ки идома додани ин муколама муҷиби баргузорӣ ва ширкати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоссияи панҷуми Платформаи ҷаҳонии кошҳиши хатари офатҳо дар Мексика мешавад, ки дар он масъалаҳо ва татбиқи Эъломияи Душанбе оид ба барномаи коҳиши хатари офатҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ, ҳамчунин Протоколи қабулшудаи Мулоқоти минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ мегардад,
31-уми марти соли равон дар доираи татбиқи тавсияҳои «Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030” дар шаҳри Душанбе мулоқоти минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офоти табиӣ баргузор шуд.
Дар кори Конфронс роҳбарон ва намояндагони вазоратҳо ва идораҳои ваколатдор дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони идораҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои маблағгузор ва агентиҳои СММ ширкат карданд.
Аз ҷумла, ширкаткунандагон масъалаҳои андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офоти табиӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2016-2017, раванди татбиқи қарори аввалин Форуми минтақавӣ, ки соли 2015 дар шаҳри Ишқобод баргузор шуда буд, ҷараёни татбиқи Барномаи қолабии Сендай дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба Платформаи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Мексика, ҷараёни татбиқи Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйири иқлим, муҳлатҳо ва ҷойи баргузории мулоқоти минтақавии навбатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.
Аз рӯйи ҷамъбасти кори Конфронс Протоколи минтақавии мулоқоти Сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо қабул шуд.
Зикр шуд, ки ширкати доираи васеъи ширкаткунандагон ба рушди муколамаи созанда, табодули ахбор ва таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат мекунад, ҳамчунин нишон медиҳад, ки Барномаи қолабии Сендай дар мавриди муқобила бо коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030 василаи ҳидояти ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо барои таъмини рушди устувор мебошад.
Идома додани ин муколама муҷиби баргузорӣ ва ширкати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоссияи панҷуми Платформаи ҷаҳонии кошҳиши хатари офатҳо дар Мексика мешавад, ки дар он масъалаҳо ва татбиқи Эъломияи Душанбе оид ба барномаи коҳиши хатари офатҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ, ҳамчунин Протоколи қабулшудаи Мулоқоти минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ мегардад,