Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Комиссияи Аврупо бо сарварии роҳбари бахши Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон ва Покистон ҷаноби Филипп Моган баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои КҲФ ва Комиссияи Аврупо мавриди барасӣ қарор гирифт. Сарвари Кумита қайд кард, ки ниҳоди зертобеъи ӯ ба рушди ҳамкориҳои самаровар дар самти коҳиши хатари ҳолатҳои фавқулодда таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад.
Дар мулоқот натиҷаи татбиқи лоиҳа дар доираи ДИПЕКО-IX (Барнома оид ба омодагӣ ба офатҳои табии шуъбаи кумакҳои башардӯстона ва мудофиаи граждании Комиссияи Аврупо-ECHO), ки бо пуштибонии Комиссияи Аврупо дар доираи он кормандони КҲФ якҷо бо мутахассисони вазоратҳо ва идораҳои кишвар бо ширкати фаъолонаи созмонҳои идории маҳаллӣ дар шаҳрҳо, вилоятҳо ва ноҳияҳо татбиқи чорабиниҳо оид ба омӯзиши аҳолӣ ба шеваҳои нисбатан самараноки ҳимоя аз таҳдидҳои гуногуни офатҳои табиӣ (заминҷунбӣ, сел, ярч, тарма) таъмин намуданд, баррасӣ шуд. Ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур оид ба коҳиши хатар дар сатҳи ҷамъиятҳо системаи вокуниши бармаҳал дар манотиқи хатарнок, ҳамчунин таҳкими иқтидори ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва Мудофиаи гражданӣ дар минтақаҳо чорабиниҳо гузаронида шуданд.
Бо назардошти ҷараёни ҳамкориҳо дар доираи ДИПЕКО-X пешниҳод шуд, ки масъалаи таъсиси хадамоти кинологӣ ва маркази пуштибонии равонӣ, ҳамчунин таъмини таҷҳизоти садамавиву наҷот барои воҳидҳои вежаи КҲФ баррасӣ шавад.
Бояд қайд кард, ки Лоиҳаи “DIPECHO IX: «Ба ҳам овардан ва таҳкими фаъолиятҳо оид ба коҳиши хатари офатҳо аз роҳи таҳкими муқобила бо ҳолатҳои фавқулодда” моҳи апрели соли 2016 оғоз шуд ва қарор аст муддати 18 моҳ идома ёбад.