Бар асари талошҳои фаровони ниҳодҳои зирабти поккории роҳҳо аз барф, аз ҷумла бо кӯшиши кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғарами барфи ҳосилшуда аз лағзиши тарма дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол-Қарамиқ то марзи Ҷумҳурии Қирғизистон боз шуд.
Ин роҳ баъди барфрезиҳои шадиди моҳҳои январу феврал дар қабзаи барф буд ва рӯзи 9-уми март билохира аз боз шудани он дар километрҳои 313-315 низ хабар расид.