Заминларзаи шоми 28-уми феврал қурбонӣ ва харобӣ надошт.
28 феврали соли 2017, соати 18:42 дақиқа дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминҷунбӣ 296 километр дар қисамати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, 46 километр дар самти шимолу шарқи шаҳри Хоруғи ВМКБ буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Хоруғ 3, дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе 2-3 балл буд.
Ин заминларза қурбонӣ ва харобӣ надошт.