Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба фарорасии Соли нави милодӣ муборакбод мекунад. Бигзор он бароятон бехатартарин сол бошад! Ба Шумо, пайвандон ва наздиконатон беҳтарин хушиҳои оламро таманно дорем!
Бигзор ҳама хушиҳо, ки Шуморо дар соли гузаранда шод мекард, барои Соли Нав ҳам идома кунанд ва заминаҳои хеле хубе барои корҳои наву ҷолиб ва пирӯзиҳо дар кору амал бошанд.
Орзу мекунем, ки дар ин рӯзҳо дар иҳотаи наздиконатон, дӯстдоштатарин касонатон бошед ва гармии хонаводагӣ шуморо фарогир бошад!
Бигзор ҳама орзуҳои некатон дар Соли Нав ҷомаи амал пӯшанд ва ҳамаи нокомиҳо моли гузашта бошанд!
Барои Шумо ва азизону пайвандонатон хушбахтӣ ва саломативу хушрӯзиҳо таманно дорем!!!