Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар ба диққати сокинон ва меҳмонон мерасонад, ки аз 28 то 30-уми сентябри соли равон коҳиши ногаҳонии дамои ҳаво пешбинӣ мешавад. Дар минтақҳои ҷудогона боронҳои кутоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ боришоти пуршиддат дар назар дошта шудааст. Дамои ҳаво рӯзона 6-8 дараҷа коҳиш меёбад, шамоли сахт (то 12-17 м/с) мевазад, дар қисмати ҷанубии кишвар тӯфони пурчанг пешбинӣ мешавад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо дар роҳандозии корҳои саҳро эҳтиёткор бошанд. Бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ барои рафтан ба ғунучини ҳезум, шикор ҷиддан ба вазъи ҳаво таваҷҷуҳ кунанд.
Касоне, ки аз бемориҳои дилу раг азият мекашанд, бештар эҳтиёт кунанд ва ҳатман доруҳои заруриро бо худ дошта бошанд.
КҲФ ба ронандаҳо ва алоқамандони кӯҳгардӣ, сайёҳони кӯҳгард ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, ҳамчунин риояи масофа як шарти аслии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳист, ки хавфу хатарҳоро кам мекунад.
Аз сӯи дигар, дар рӯзҳои сербориш резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтимол дорад, аз ин рӯ риояи қоидаҳои бехатарӣ боз ҳам гарави эминӣ аз ҳар хатар аст.