Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2019 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақша чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои 2020» ва бо мақсади таъмини омодагии доимӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ва мусоидат намудан барои устувории фаъолияти зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ва ташкилотҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, рўзи 24 сентябри соли 2020 дар бинои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, машқи ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзўъи: «Амали ҳайати роҳбарикунандаи зернизоми вазифавӣ ва ҳудуди Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ҳангоми ба амал омадани садамаи кимиёвӣ (аммиак) дар ҶСК Комбинати хуроквории Тоҷикистон», ташкил ва гузаронида шуд.
Дар машқи ситодии мазкур 14 - муовинони зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе даъват шуда буд.
Аз намояндагони зернизомҳои даъватшуда, намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, саривақт ба машқи ситоди ҳозир шуда, фаъолона иштирок намуданд.
Инчунин дар машқи мазкур аз рўи мақсадҳои таълимӣ нақшаи гузаронидани машқи ситодии мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ба мақсад расида, баҳои қаноатбахш дода шуд.
Дар тамриноти мазкур ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе тибқи фармоиши Сардори Раёсат иштирок намуда, ҳамчун миёнарав байни роҳбарияти машқ ва иншоотҳои иқтисодию зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе, амал намудаанд.
Р. Неъматзода, Сардори Раёсат полковник