Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба бемории сироятии коронавирус имрӯзҳо дар ҳамаи гӯшаву канори кишварамон чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вусъати тоза мегирад. Аз ҷониби бахши кор бо ҷомеа дар якҷоягӣ бо афсарони бахшу шӯъбаҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд қариб, ки ҳамарӯза дар минтақахое, ки сокинон зиёд ҷамъ мешаванд, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир менамоянд.
Ин навбат чунин корҳои таблиғотиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-уми шаҳри Хуҷанд ба номи Саидҷон Усаров воқеъ дар маҳаллаи 34-ум доир намуда, бо толибилмон доири пешгирӣ ва мубориза ба ин беморӣ мулоқот анҷом дода, зарурати риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиро бо мисолҳои возеҳ фаҳмониданд.
Зимни мулоқотҳо таъкид шуд, ки солимии ҷисму руҳи инсон аз худаш вобастагии калон дорад. Танҳо шаҳрвандонро мебояд, ки ҳангоми баромадан ба кӯчаҳо бояд ниқобҳои ҳимоятиро истифода баранд. Ҳаёти худ ва наздикони худро эҳтиёт кунанд.
Ҳамчунин дар рафти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ аёниятҳо, китобчаҳои иттилоотӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ тақсим карда шуд.
Корҳои тарғиботӣ дар Суғд идома дорад.
Шаҳзодахон Бутаева