Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як автомати “Калашников”-ро аз ҳавз пайдо карданд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дохили ҳавзи ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар як автомати “Калашников”-ро пайдо ва ба мақомоти милитсияи вилоят супурданд.
Ахиран ба Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон аз Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон хабар доданд, ки ҷинояткорон ҳангоми таъқиби кормандони милитсия бо мақсади гум кардани изи ҷинояти худ силоҳашонро ба ҳавзи деҳаи Орзуи ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар ҳаво доданд.
Аз кормандони наҷоти Раёсат тақозои кӯмак ба ёфтани он карданд.
Дар натиҷаи роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ наҷотдиҳандагон автомати “Калашников”-ро бо ду тирдон берун оварданд ва ба кормандони милитсия таслим намуданд.

барчасп: