Имрӯз дар Кумиаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамаи воҳидҳои минтақавии он шунидани оммавии Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд.
Паём мустақиман аз Кохи Сомон пахш мешуд ва дар он роҳбарони сатҳи олии кишвар, сарварони вазорату идораҳо, вакилони мардумӣ ва фаъолони ҷамъиятӣ ширкат доштанд. Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатест, ки мавқеъи давлатро дар самтҳои асосии сиёсати мамлакат муайян мекунад.
Дар ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар Паёми солонаи худ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ҳозирон табрикномаи Раиси Маҷмааи умумии СММ Питер Томсонро расонд. Номбурда хабар медод, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" эълон шуд.
Ҳадафи аслии ошноӣ бо Паём шиносоии саривақтии ҳайати шахсии КҲФ бо муҳтавои он ва тарҳрезии барномаҳои баъдӣ мутобиқ ба дастуру фармоишоти Сардори давлат ва Ҳукумати мамлакат буд.