11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз авҷи бемории коронавирус хабар дод ва онро ҳамагирии нав ва хатар ба ҷони оламиён эълон кард. Ҳамон вируси кушандае, ки охири соли гузашта дар Вуҳони Чин пайдо шуд ва ҳоло бештар аз 25 миллион сокини Сайёра мубталои он аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хатари вирус табдирҳои беҳдоштӣ ва чораҳои пеширикунандаро тақвият дод.
Кормандони КҲФ ҳамарӯза миёни аҳолӣ дар гӯшаву канори кишвар корҳои таблиғотӣ ва зиддиуфунӣ мебаранд. Ғайр аз ин бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус КОВИД-19, таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо шарикон, Кумита буклетҳои иттилоотӣ, китобчаҳо ва дискҳоро бо наворҳои омӯзишӣ паҳн мекунад.
Ахиран бо мақсади идомаи корҳо оид ба аҳолӣ расонидани иттилои дақиқу илмӣ дар бораи вирус, тақвияти чораҳои зидди эпидемия, КҲФ якҷо бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон лавҳаҳои иттилоотиро барои пешгирии паҳншавии беморӣ омода кард. Тахтаҳо дар чор ноҳияи пойтахт бо нишон додани рақамҳои телефонҳои боварии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тотористон ва даъвати фаврии КҲФ овезон карда шудаанд Дар тахтаҳо инчунин нишонаҳо барои нигоҳ доштани масофаи иҷтимоии якуним метр, пӯшидани ниқоб ва шустани дастҳо навишта шудааст.
КҲФ бори дигар ба сокинони кишвар ва меҳмонон хотиррасон мекунад, ки ҳама қоидаҳои зарурии бехатарии шахсиро риоя намоянд.