Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода мешуд, бар асари чаппа шудани девори бетонӣ дар гӯшае аз ошёнаҳои 11 ва 13 маҷтамаъи рӯзномаву маҷаллаҳои “Шарқи озод” боми бино дар ошёнаи поёни фурӯ рафт.
Ин ҳодиса тақрибан соати 23:00, рӯзи 18-уми декабр рух дод.
Субҳи рӯзи 19-уми декабр ҷонишини аввали Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Рустам Шоҳиён ба ҷойи ҳодиса рафт.
Барои муайян намудани сабабҳои кӯчиш гуруҳи махсуси корӣ созмон дода шуд. Баъди ошноӣ ва омӯхтани маълумотҳои гирдомада гуруҳ ба натиҷа расид, ки сабабҳои сарозер шудани девори бетонӣ инҳо будааст:
- тӯли замони истифодаи бино сохтусозҳои металии он зери таъсири метереорлогӣ хӯрда шудаанд;
- ба сабаби шамол ва боришот плитаи девор дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст.
Дар натиҷаи афтиши плитаи бетонӣ сохтори айвонҳои ошёнаҳо, ки қаблан ҳам оҷилан бояд таъмир мешуд, зарар дид.
Тӯли рӯзҳои охир наҷотдиҳандагони Кумита корҳоро дар ошёнаҳои поён барои бартараф кардани хатари ҳодиса идома медиҳанд. Бояд зикр кард, ки ҳамаи корҳо дастӣ анҷом мешаванд.
Баъди ба даст овардани хулосаи комиссияи ташхисӣ корҳои аз байн бурдани хавфу хатар ин вайронӣ оғоз карда хоҳанд шуд.
Маълумот: Маҷтамаъи рӯзномаву маҷаллаҳои “Шарқи озод”, ки аксари нашрияҳои давлативу хусусӣ ва чопхонаҳо дар он фаъолият мекунанд, охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90-и асри гузашта ба истифода дода шуда буд.