55 офати табиии соли 2016 ба кишвар 161 миллиону 336 ҳазору 200 сомонӣ зарар овардааст. Ва бар асари ин офатҳо – 20 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд, ки 17 нафари онҳо сокинони вилояти Суғд буданд. Ду нафар дар вилояти Хатлон ҷон бохтанд ва як тани дигар дар минтақаи Рашт.
Бар асари офатҳои табиӣ, аз қабили заминларза, шамол, боронҳои зиёд ва омадани сел соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хисороти калони моддӣ расид. Аз ҷумла, 1060 хона зарар дид ва аз ин миқдор 101 хона пурра хароб гардид.
Ба иншоотҳои иқтисодии мамлакат бештар аз 117 миллион сомонӣ зарар расид. Зиёда аз 12 ҳазору 936 гектар замини киштзор ва 132,8 гектар ҷангалзор низ хароб шуд.
Бар асари офатҳои табиӣ 1246 сар ҳайвон, 315 адад парранда, 56 қуттӣ пилла, 652 оилаи занбӯри асал, 9,3 тонна моҳӣ талаф ёфтааст.
Дар ин сол бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати кишвар оид ба ҳолатҳои фавқулода ба хонаводаҳои аз офот зарардида ба маблағи 4 миллиону 528 ҳазор сомонӣ кӯмаки яквақта расонида шуд.
Дар давоми соли 2016 аз тарафи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳое, ки аз офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рўдакӣ, Рашт, Тоҷикобод зарар диданд, ба миқдори зарурӣ маводи хўрока, масолеҳи сохтмон, хайма ва ҷиҳози рўзғор ҷудо гардида, тавассути техникаи боркаши Кумита ба минтақаҳои офатзада интиқол дода шуд.