19-уми декабри соли равон Раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенант Рустам Назарзода Намояндаи доимии тозатаъини Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, хонум Пратибҳа Метҳаро ба ҳузур пазируфт.
Сарвари Кумита хонум Метҳаро дар бораи фаъолиятҳои Кумита ва сохторҳои мартуб ба он шинос намуд. Вай аз ҳамкории дуҷониба миёни сохторҳои зидахли СММ изҳори қаноатмандӣ намуд ва ҳамзамон ба муҳим будани истифодаи всеъи имкониятҳои ҳамкориҳо таъкид кард.
Рустам Назарзода зикр намуд, ки сохторҳои Кумита дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва тамринҳову омӯзишҳое, ки дигар сохторҳои СММ созмон медиҳанд, фаъолона ширкат мекунанд.
Дар навбати худ хонум Пратибҳа Метҳа аз пазироии гарм ва ҳамкориҳои фаъолона изҳори қадрдонӣ кард. Вай изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон чорбатиниҳои муҳиме дар самти идораи хатари офатҳо, пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои он роҳандозӣ шудааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодасозии кормандони хадамоти наҷоти Кумита ва ҳамкориҳои минтақавиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, нақшаи ҳамкориҳои муштарак оид ба хабардоркунии бармаҳали аҳолӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва ҷараёни татбиқи Созишномаҳои қаблан имзошударо баррасӣ намуданд.