16-уми декабри соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо иштироки сардори Раёсати мудофеа ва таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Шараф Файзуллозода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолиятҳои КҲФ дар 11 моҳи охир баргузор шуд.
Дар ҷаласа ҷонишинони Раис, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони Ситодҳо, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ иштирок доштанд.
Дар рӯзномаи маҷлис ду масъала – ҷамъбасти кори ҳамаи сохторҳои КҲФ дар давраи ҳисоботӣ ва омодагии воҳидҳо ва қисмҳои ҳарбии Кумита ба давраи зимистон гузошта шуда буд.
Дар масъалаи якум Ҷонишини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён суханронӣ кард. Вай аз фаъолиятҳои Кумита дар самтҳои гуногун, аз ҷумла таъмини бехатарии аҳолӣ ва ҳудуд, натиҷаи кори Ситодҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо, марказҳои омӯзишӣ, ҳамчунин вокуниши нерӯҳо ва воситаҳои КҲФ ба ҳолатҳои фавқулодда ва масоили дигар ҳисоботи пурра дод.
Дар маърӯзаи худ ҷонишини Раиси Кумита, полковник Ҷамшед Маҳмадзода аз ҷумла гуфт, ки объектҳои ҳарбӣ амалан ба зимистон омодаанд. “Ба он нигоҳ накарда, ки дар самти тайёр кардани макони нигаҳдории амволи омодашуда камбудиҳо ҷо доранд”,- гуфт вай.
Сарвари Кумита барои ислоҳи камбудиҳо дар назди сохторҳо вазифаҳои ҷиддӣ гузошт, масъалаи тайёр кардани сӯзишворӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ, гузаронидани таъмир ва омодасозии қисмҳои ҳарбӣ ба зимистонро дар миён гузошт.
Ҳамзамон дар мавриди масъалаи дуюм оид ба воҳидҳои КҲФ ва қисмҳои ҳарбӣ ба давраи зимистон фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ҳисобот доданд. Ҳамчунин ҳисоботи сардорони Ситодҳои вилоятӣ, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ шунида шуданд.
Дар охири ҷаласа генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба масъулон дастур дод:
- дар семоҳаи аввали соли 2017 лоиҳаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши офатҳои табиӣ дар солҳои 2017-2030-ро омода созанд;
- масъалаи рушди хоҷагиҳои ёрирасон дар қисмҳои ҳарбиро ҳал кунанд;
- дар семоҳаи аввали соли 2017 базаи меъёрӣ-ҳуқуқии Кумитаро аз нав дида бароянд ва онро барои тасдиқ пешниҳод созанд;
- кор дар самти беҳтар кардани сиёсати кадрии Кумитаро идома диҳанд, барои ишғоли ҷойҳои холии кор мутахассисони баландихтисосро ҷалб намоянд;
- ба таҳкими интизом ва таъмини бехатарӣ дар қисмҳои ҳарбӣ диққати махсус диҳанд;
- ҳамкориҳои байналмилалиро дар чаҳорчӯби Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшанд.
Дар хотима Коллегияи КҲФ:
- Нақшаи кори Кумита ва воҳидҳои сохтории онро дар соли 2017;
- Дастурамал оид ба тартиб ва усулҳои баргузории омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар сатҳи ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо;
- Дастурамал оид ба коркарди санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар сатҳи ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо;
- Дастурамал оид ба коргузорӣ дар Ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо;
Дастурамал оид ба роҳандозии тафтишҳо ва арзёбиҳои кори Ситодҳо ва ғайраҳоро тасдиқ кард.