Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба муносибати даргузашти нобаҳангоми Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Арманистон Армен Еритсян барқияи ҳамдардӣ ирсол кард.
«Ба аҳли хонавода, пайвандон, наздикон ва ҳамкорони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ мекунем. Арзи тасаллияти моро бипазиред. Ёду хотираи Армен Генрикович дар дилҳои мо абадан боқӣ хоҳад монд”,- омадааст дар барқияи тасаллиятии Сарвари Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раиси Кумита изҳор дошт, ки “бо ташаббуси Армен Генрикович миёни ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулоддаи ду кишвар ҳамкориҳои созандаву пойдоре роҳандозӣ шуда буд. Вай дар ҳалли масъалаҳои такмили ҳамкориҳои дуҷониба ширкати фаъолона дошт”.
Маълумотномаи мо: Армен Еритсян
Генерал-майори пулис Армен Еритсян 25-уми декабри соли 1960 дар шаҳри Ереван дида ба олам кушодааст. Хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 12 ба номи Кирови ҳамин шаҳр буд. Солҳои 1979-1981 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбӣ кард.
Соли 1986 мактаби милитсияи ВКД СССР дар шаҳри Калининград ва соли 1990 факултаи ҳуқуқи мактаби олии муфаттишии ВКД СССР дар шаҳри Волгоградро хатм кард.
Соли 1996 ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Ереван дохил шуд. Аз соли 1999 чун ҳуқуқшинос даст ба корҳои илмӣ зад. Доктори илмҳои ҳуқуқ мебошад.
Аз милитсионери оддӣ то ба вазифаи сардори Сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва Ҷонишини аввали вазири корҳои дохилӣ ва баъдан ҷонишини аввали сардори Пулис (солҳои 2001-2010) расид.
Аз моҳи марти соли 2010 то охирин лаҳзаҳои умр Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Арманистон буд.