Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 8-ум то 10-уми декабри соли 2016 обу ҳавои номусоид, аз ҷумла, борони гузаранда ба барфи тар, дар ноҳияҳои ҷудогона шамоли сахт, ки дар як сония то 17-22 метр мевазад, пешбинӣ мешавад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар кишвар 6 °С-ро ташкил хоҳад дод.
Ғайр аз ин часпидани барфи тар дар симу дарахтон ва дар роҳҳои куҳӣ ғуншавии барф ва яхбандии шадид бар асари сармо пешбинӣ мешавад.
Кумита ҳушдор медиҳад, ки бар асари шамол ва часпидани барфи тар дар симҳо эҳтимоли зарар дидани хатҳои интиқол барқ, шикастани дарахтон, ҳамчунин зарар дидани овезаҳои реклом, ки суст часпонида шудаанд, вуҷуд дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо рафтуомади безарурати худро аз тариқи роҳҳои куҳӣ маҳдуд кунанд, аз роҳандозии корҳои саҳро, омодасозии ҳезум ва шикор дар маҳалҳои куҳӣ худдорӣ варзанд.