Борони шаби гузашта дар ҳудуди ҷамоатҳои Палдорак, Обшорон, Суғдиён ва Навбаҳори ноҳияи Масчо ба сели азим табдил шуд ва дар баъзе аз ин манотиқ ба ҳавлии шаҳрвандони ҳам дохил шуда, сабабгори баъзе харобкориҳо низ шудааст. Ҳамчунин пули даромади роҳи қисми ҳарбии Ротаи алоҳидаи қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ин минтақаро шустааст.
Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Комиссияи ҳолатҳои фавқулода якҷоя бо қувва ва воситаҳои зернизомҳои Низоми ягонаи дахлдор ҷиҳати бартарафкунии оқибати шамолҳои сахт ва боришоти борон фаъолият намуда истодаанд.