Бар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007 “Дар бораи тартиби таъсис додани нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади ба роҳ мондани корҳои наҷот ва дигар корҳои таъхирнопазир дар иншоотҳои иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят як гурӯҳ иборат аз 44 нафар таъсис дода шудаанд ва инчунин дар асоси қарори мазкур қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо бароварда шудааст.
Бинобар ин аз тарафи Раёсат тибқи дастуру супоришҳо оид ба пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз сироят ба короновирус (COVID-2019), барқияи телефонӣ оид ба омӯзонидани гурӯҳҳои зикршуда, аз тарафи мутахассисони Марказҳои давлатӣ санитари эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол шуда, вазифадор карда шуданд.
Корҳои таблиғотӣ дар ин самт дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ шудаанд.
Исозода Сардори Раёсат,
полковник