Таблиғоти зидди короновирус дар ноҳияи Гулистони вилояти Суғд

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд аз ҷониби афсарони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании дар вилоят  аксия баргузор гардид. Он дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳри Гулистон дар байни хонандагони Гимназияи №1 ва МТМУ№14  гузаронида шуда, дар рафти аксия ба хонандагон оид ба роҳҳои пешгирӣ аз бемории сироятии КОВИД-19, роҳҳои сироятёбӣ, қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи бандинаҳои тиббӣ, лавозимоти антисептикӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим, истеъмоли ғизои солим нақл карда шуданд. Барои пешгирӣ аз сироят ба коронавирус тавсияҳо дода шуданд.

Дар рафти аксия варақаҳои иттилоотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Юнисеф омода шудааст, тақсим карда шуд.

Инчунин ташкилкунандагони аксия аз масъулини муассисаҳои мазкур даъват ба амал оварданд, ки ҳамарўза дар байни хонандагон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда шаванд.

Корҳои таблиғотӣ дар ин самт дар шаҳру навоҳии вилоят идома доранд.

 

Ш.Бутаева,

сардори бахши кор бо ҷомеаи

Раёсати вилоят, лейтенант  

барчасп: