Бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳуми имзошуда миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Ташкилоти Каритаси Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 апрели соли равон ба идораи наҷоти кишвар як миқдор воситаҳои зиддисептикӣ (хлор, спирт ва ғайра) супурда шуд.
Воситаҳои супурдашуда барои Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон мебошанд.
Ин кумакҳо бо мақсади минбаъд ҳам баланд бардоштани чораҳои пешгирӣ аз бемориҳои вирусӣ расонида шуданд.