Зарфи як шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат ду нафарро наҷот доданд ва як дари бастаро кушоданд.
Чунончӣ, як поси шаби 23 апрели соли ҷорӣ дар километри 92-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд мошини тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 34-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд ва аз пойтахт ҷониби Хуҷанд равона буд, ба ҷарии умқаш 50 метр сарозер шуд. То омадани имдодгарон сокинони маҳаллӣ ба мусофир, ки аз мошин берун шуда, талош мекард аз ҷарӣ берун шавад, ёрӣ расонданд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Зарафшон ронандаи мошинро, ки дар дохил монда буд, бо боз кардани дар бо ёрии таҷҳизоти махсус берун кашиданд. Ронанда ва мусофирони он ба бемористони ноҳияи Айнӣ интиқол ва бистарӣ шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар семоҳаи аввали соли 2020 кормандони КҲФ 39 нафарро дар садамаҳои мошин дар роҳҳои кишвар наҷот доданд.
Худи ҳамон рӯз дар қаламрави шаҳри Душанб бо талоши воҳиди вокуниши сареъи Равёсати КҲФ дар пойтахти кишвар як дари оҳанӣ, ки ногаҳон баста шудаву соҳибонаш беруни дар монда буданд, бе ягон осеб боз карданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо бо мошин эҳтиёт кунанд ва ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Бахусус ба боло бурдани суръати ҳаракат роҳ надиҳанд.
Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳодисаи фавқулодае метавонед ба телефонҳои 112 ва ё 93 880 28 19 хабар диҳед.