22 апрели соли 2020 ба бахши навбатдории Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд хабар расид, ки зани ҷавоне худро ба дарёи Сир андохтааст. Дар як фурсати басо кутоҳу дақиқаҳои бошумор наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ин хонуми ҷавонро саломат аз об берун оварданд. Маълум гардид, ки номбурда 37 сол дошта, сокини шаҳри Хуҷанд будааст.
То омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” имдодгарон ба зани ҷавон кумакҳои аввали тиббиро расонданд ва баъдан ӯро ба бемористон интиқол доданд.
Ёдовар мешавем, ки ин гуна ҳодисаҳо бори аввал рух надодаанд. Ба шарофати кори фавриву талошҳои пурзаҳмат наҷотдиҳандагони Кумита ҳар соли даҳҳо нафарро наҷот медиҳанд.
Ҳаёт ширин аст ва бояд ба қадри он расид. Гирифторӣ ба мушкиле, ки шояд оилависту бартарафшаванда ва шояд иртиботе ба ҳолатҳои рӯҳии инсонҳо доранд, кирои он намекунад, ки инсон даст ба худкушӣ занад.
Дар мавриди ин модар мо чизе намедонем, вале Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамеша такрор мекарду имрӯз ҳам такрор мекунад, ки худкушӣ роҳи ҳалли мушкил нест. Ҳаёт мубориза аст ва дар баробари мушкилиҳо истодан ин аст шарафи инсонӣ. Чун даст ба худкушӣ задан мушкилро дучандон кардану даҳҳо нафарро дар мотам нишонидан аст.