Садама дар як бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Синои пойтахт. Имдодгарон 72 сокини як бинои садамавиро наҷот доданд

Бегоҳии рӯзи ҷумъа, дақиқан соати 20:58 дақиқа ба навбатдори фаврии қисми навбатдории Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумита хабар расид, ки плитаи оҳану бетонии боми зинапояи ошёнаи панҷуми бинои 7 М4, кўчаи Испечак 1, воқеъ дар  пушти тарабхонаи Шаҳриёр,  фурӯ рехтааст.

Соати 21:01 дақиқа 26 нафар наҷотдиҳандагони Маркази таъиноти махсуси кофтуковиву-наҷоти Кумита ва Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри  фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда, ба корҳои эвакуатсионӣ шурўъ намуданд. 

Аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумита ва сохторҳои дахлдор 72 нафар истиқоматкунандагони бинои зикргардида ба хонаҳои ҳамсоягон ва хешовандони наздикашон интиқол дода шуданд.

Аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино 2 навбатдори шабонарузӣ ташкил карда шуда, корҳои бартарафсозӣ ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон ба 18.04.2020 гузошта шуд.

Соати 05:52 дақиқаи рӯзи шанбе, 18-уми апрел 8 нафар наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе ва 3 (се) техникаи махсус (1 автокран ва ду адад автомашинаҳои махсуси наҷот) ва 9 нафар кормандони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷоти Кумита дар  бо як техникаи махсус ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, бетонҳои шикастаро бардошта, биноро ба ҳолати бехатар баргардониданд.

Ба наҷотдиҳандагон зарур омад рӯзи дароз заҳмат кашанд ва танҳо соати 17:08-и ҳамон рӯз аз анҷоми корҳои наҷот гузориш доданд.

Сокинон ба маҳалли истиқомати худ баргаштанд.