Набудани вирус ба маънои он нест, ки сокинон бепарво бошанд. Ҳар сокини кишвар новобаста ба синну сол бояд худро омода созад ва қоидаҳои бехатарии сироят нашудан ба COVID-2019-ро риоя намоянд. Ягона роҳи сироят нашудан ва эмин мондан аз он риояи ҳама қоидаҳои бехатарист.
Дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 20 марти соли 2020 “Дар бораи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддимэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави короновирус (COVID-2019) дар вилояти Хатлон” ва мактуби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-апрели соли 2020, рўзи 17 апрели соли равон дар Идораи телевизион ва радиои Хатлон оид ба пешгирии коронавирус (COVID-2019) якҷо бо намояндагони Раёсати дезинфексионии вилояти Хатлон, Раёсати тандурустии вилоят, шуъбаи дезинфексионӣ ва профилактикии шаҳри Бохтар, сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсат ва сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар мизи мудаввари барномаи “Таҷаллои афкор” ширкат намуданд.
Ин барнома дар бораи воҳимаҳо атрофи короновирус, роҳҳои пешгирӣ аз суроят нашудан ба он бахшида шуда буд.
Намояндагони Раёсати Кумита ба ҳамаи суолҳо вобаста ба коронавирус посух доданд. Гуфта шуд, ки хушбахтона, ин вируси марговар, ки ними ҷаҳонро фаро гирифтаву ҳамаро ба таҳлуқа андохтааст, то кунун дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Вале ин ба маънои он нест, ки сокинон бепарво бошанд. Бояд ҳар сокини кишвар новобаста ба синну сол бояд худро омода созад ва қоидаҳои бхатарии сироят нашудан ба онро риоя намоянд.
Ягона роҳи сироят нашудан ва эмин мондан аз он риояи ҳама қоидаҳои бехатарист.