Боронҳои шадиду раъду барқ, лағзиши тармаву резиши санг, рониши замин дар баъзе минтақаҳо аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошанд, ки наметавонанд нигаронкунанда набошанд. Бахусус боронҳои пуршиддат боиси болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳову каналҳо гашта, изтироби сокинонро бештар кардаанд. Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варианти тақвиятшудаи фаъолият гузаштанд.
Боришоти шадид, тавре дар ҳушдорҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таъкид мешуд, сабабгори болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, лағзиши тарма, селҳо, резиши санг ва ярч шуд. Зарфи шабонарӯзи гузашта дар дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб, ҳамчунин дар рӯдхонаҳои воқеъ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор болоравии сатҳи об мушоҳида шуд.
13 - уми апрели соли 2020 дар натиҷаи боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Хонақоҳ аз меъёр баланд шуд ва ин хавфи зери об мондани хонаҳои истиқоматии мардум ва заминҳои кишти сокинони деҳаи Афғонободи ҷамоати деҳоти Сомонии шаҳри Ҳисорро зиёд кард.
Барои пешгирӣ аз офати табиӣ ба минтақаи хатар гурӯҳи корӣ ҷиҳати роҳандозии корҳои пешгирӣ аз хатар бо ҷалби техника равона карда шуд.
Ҳамаи воҳидҳои КҲФ ба варианти тақвиятшудаи фаъолият гузаштанд ва сабаби ин боришҳои пуршиддат ва эҳтимоли сар задани ҳолатҳои фавқулода дар ҳар гӯшаи кишвар аст. Наҷотдиҳандагони Кумита дар роҳҳои асосии кӯҳии кишвар, бахусус дар роҳҳои Душанбе – Айнӣ, Душанбе - Ванҷ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки хатари болоравии сатҳи об дар каналу рӯдхонаҳои мамлакат то 17-уми апрели соли ҷорӣ боқӣ мемонад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш эҳтиёт кунанд!