Зикр гардид, ки дар қаламрави кишвар дар ин се моҳ 114 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуд, ки 6 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расонданд ва бо оғози баҳор ҳодисаҳои омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг низ дида шуд. Аз ҷумла, дар ин нишаст ҳисоботи роҳбарони раёсатҳои вилоятиву шаҳрӣ ва дигар раёсатҳои Кумита дар бораи корҳои анҷомдодаи онҳо ва камбудиҳои содиршуда дар ҷараёни кор шунида шуд. Раиси Кумита супориш дод, ки барои омӯзиши иловагии минтақаҳои хатарнок гурӯҳҳои махсус созмон дода шаванд
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолияти КҲФ дар семоҳаи аввали соли 2020 баргузор шуд. Дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони мақомоти ҳудудии идора иштирок намуданд.
Ҳадафи коллегия ҷамъбсти натиҷаи корҳои Комиссияи КҲФ оли ба пешгирии короновирус, татбиқи чораҳои зиддиэпидемикӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи аввал ва муайян кардани вазифаҳои аввалиндараҷа дар семоҳаи дуюми соли 2020 буд.
Дар ҷаласа чорабиниҳои басо муҳиме, ки дар семоҳаи аввал роҳандозӣ шуда буданд, бо ҳама ҷузъиёташон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, аз комёбиҳо ва камбудиҳо сухан рафт, дар бораи чорабиниҳои асосие, ки дар самти ҳимояи аҳолӣ ва қаламрави ҷумҳурӣ дар смоҳаи дуюми соли 2020 гузаронида шаванд, сухан рафт.
Зикр гардид, ки дар қаламрави кишвар дар ин се моҳ 114 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуд, ки 6 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расонданд ва бо оғози баҳор ҳодисаҳои омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг низ дида шуд.
Аз ҷумла, дар ин нишаст ҳисоботи роҳбарони раёсатҳои вилоятиву шаҳрӣ ва дигар раёсатҳои Кумита дар бораи корҳои анҷомдодаи онҳо ва камбудиҳои содиршуда дар ҷараёни кор шунида шуд.
Диққати асосӣ ба тадбирҳои соҳилбандӣ, корҳои ҳаррӯзаи қувваҳои ҳарбӣ, таъмини ақибгоҳ, истифода, ҳифз ва таъмири техника ва силоҳҳо, риояи интизоми ҳарбӣ, фароҳам овардани шароитҳо барои хизмати ҳарбии сарбозон равона гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа Сарвари КҲФ ба чанд камбудиҳои ҷиддӣ дар ташкил ва роҳандозии чорабиниҳо дар корҳои соҳилмутаҳкамкунӣ дар вилояти Хатлон ишора намуд.
Сарвари КҲФ таваҷҷуҳи роҳбарони воҳидҳои КҲФ-ро ба омодагиҳои саривақтӣ ва босаводонаву касбии вокуниш ба ҳодисаҳои фавқулодаи эҳтимолӣ, аз ҷумла лағзиши тарма, резиши санг, омадани сел бар асари боронҳои шадид, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, каналҳо дар мавсими баҳору тобистон ҷалб намуд.
Сарвари идораи наҷоти кишвар супориш дод, ки барои омӯзиши иловагии минтақаҳои хатарнок гурӯҳҳои махсус созмон дода шаванд, масъалаҳои захираҳои мавҷуда ва иловагӣ баррасӣ шаванд, дар миёни аҳолӣ омӯзишҳои ғайринавбатии мудофиаи гражданӣ гузаронида шаванд, бори дигар системаи огоҳсозии бармаҳал, омодагиҳо ба мавсими оббозиву шиноварӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд, назорат аз болои татбиқи санадҳои байналмилалии имзошуда таҳким бахшида шавад. Раиси Кумита дар суханронии худ ба фош намудани ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ, таҳкими интизом ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар кадом аз кормандони Кумита дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавии вай таъкид намуд.
Дар хотима масъалаҳои муҳиме, ки дар семоҳаи оянда бояд мавриди ҳал қарор гиранд, номбар шуданд ва барои иҷрои ҳар кадоми онҳо муҳлатҳои мушаххас таъин намуданд.