Бо мақсади таъмини бехатарии аҳолӣ ва таҳкими минтақаҳои ноустувор дар нишебиҳои кӯҳҳои наздик ба рустои Пашори ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ корҳои зинасозии 1278 метр роҳ оғоз шудаанд.
Ахиран Раиси ноҳияи Шуғнони ВМКБ Ҷумъазода Ҷумъа, роҳбари бахши Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ Наҷиб Яминов ва ҷонишини сардори Раёсати КҲФ дар ВМКБ, полковник Сафарбек Аваз бо ҷараёни кор шинос шуданд.
Корҳои зинакунии роҳ 1278 метрро дар бар гирифта, бари он аз аз 6 то 10 метр мебошад ва барои анҷоми кулли корҳо 25 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.
Рӯзи 12.04.2020 бо ҷалби 1 адад техника (Экскватор) зинакунии доманакӯҳ ба масофаи 46 метр ва паҳноии 8 метр анҷом дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки зинакунии доманакӯҳи зикргардида аз санаи 10.04.2020 шурӯъ гардида, то имрӯз корҳо дар масофаи 126 метр ба анҷом расидаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Шуғнон, ки ҳоло корҳои ҳимоя аз тарма ва фурӯравии замин дар ҷараёнанд, 23 хоҷагӣ зери хатар қарор доранд.