Боду ҳавои чанд рӯзи оянда. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар меравонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то охири ҳафтаи ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад: боронҳои пуршиддат, раъду барқ, жола (дар навоҳии кӯҳии бештар аз 2000 метр барфи тар). Бахусус раъду барқ дар роҳҳо хатар доранд. Дар роҳҳои кӯҳии кишвар омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг эҳтимол дорад.

Боришҳои шадид метавонанд боиси он гарданд, ки сатҳи об дар рӯдхонаву каналҳо боло равад. Аз соҳил берун шудани об метавонад хатаре ба заминҳои кишт, манзили мардум, пулҳо ва саддҳо шавад. 

Дар натиҷаи боришҳои пуршиддат имкон дорад ҳолатҳои фавқулодаи зерин рух диҳанд:

- эҳтимолан садамаҳои мошин дар роҳҳо зиёд иттифоқ афтанд, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ. Шояд аз сабаби канда шудани пулҳо, омадани сел ва ғайра ҳаракати мошинҳо дар баъзе роҳҳо маҳдуд шаванд;

- эҳтимолан дар баъзе минтақаҳо нуқтаҳои аҳолинишин дар натиҷа садама дидани системаҳои дренажӣ ва қубурҳои обгузар зери об монанд;

- эҳтимоли зери об мондани баъзе қитъаҳои роҳҳо, боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаву дарёҳои хурд, заминҳои кишт, биноҳои навсохт, ки дар сари роҳи сел ҷойгиранд, низ вуҷуд дорад;

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз аҳолии кившар хоҳиш мекунад сари вақт  ҷӯйборҳоеро, ки аз назди хонаҳо мегузаранд, тоза кунанд. 

ҒАЙР АЗ ИН КУМИТА ОГОҲ МЕКУНАД, ки ҳавои номусоид метавонад хатҳои интиқоли барқро вайрон кунад, боди сахт метавонад дарахтонро чаппа кунад, пояҳои заъифи рекломҳо сарозер шаванд. Аз ин рӯ, вақте шумо дар кӯча бошед, кӯшиш кунед аз зери дарахтону симчӯбҳои барқ ва пояҳои реклом нагузаред ва ё агар роҳи дигаре нест, пас хеле бошитоб гузаред. 

КУМИТА АЗ ШАҲРВАНДОН ХОҲИШ МЕКУНАД қоидаҳои ососии бехатарии шахсиро риоя кунанд. Дар ин рӯзҳо роҳандозии корҳои саҳро, рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, ҷамъоварии занбӯруғ ва дигар рустаниҳои шифобахш хатар дорад. 

Ҳамчунин ҳавои номусоид кори чорвочаронӣ дар саҳроро низ мушкил мекунад, аз ин рӯ эҳтиёт хеле хуб аст. 

КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон  аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳамнгоми  истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд, мошинҳои худро қабл аз сафар омода созанд, камбудиҳои техникиро бартараф намоянд ва то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хатарзо худдорӣ намоянд. 

КҲФ ЁДОВАР МЕШАВАД: дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба вазъи хатарнок бояд ба рақами 112 ва ё қисми навбатдории Кумита:  (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед.

барчасп: