Роҳандозии корҳои пешгирӣ аз сел дар ноҳияи Рӯдакӣ

Тибқи нақшаи пешгирӣ ва бартарафсозии хатари сел дар селроҳае, ки аз тариқи  канали “Куктоши поён” воқеъ дар деҳаи Гулобод, ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ убур мекунад, кормандони КҲФ корҳои поксозии ҷараёни об ва мустаҳкам кардани соҳилҳои каналро анҷом доданд.

Барои роҳандозии ин корҳо 16 адад мошини боркаши “Дулан”, 10 адад мошини “Камаз”, 6 адад мошини боркаши “Зил”, 2 адад экскватор ва се борбардор ҷалб карда шуданд. 

Дар натиҷа бештар аз 2500 метри мукааб регу шағал аз канал берун оварда шуд. Дар сурати омадани сел ва берун рехтани об аз канали мазкур 30 хоҷагии ин минтақа зери хатар мебуд.

барчасп: